МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2023
Норак

Суратгузориш аз рафти қабули меҳмонони Шоҳигарии Тайланд аз ҷониби раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод дар шаҳри Норак.

ВАРЗИШ КАФОЛАТИ СОЛИМИИ ҶОМЕА!

Бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш байни шаҳрвандон ва ба ин васила ташакули тарзи ҳаёти солим бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе мунтазам машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терекур (пиёдагардӣ) ташкил карда мешавад.
 
Сӯбҳи имрӯз чорабинии мазкур бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ва варзишгарон дар маркази шаҳри Норак баргузор гардид.
 

ВОКУНИШ: ба андешаи Додоҷон Атовуллоев!!!!!!

ЗАН МОДАРИ МАН, МОДАРИ ТУ, МОДАРИ ОМ АСТ...
 
Зан аз аввал, дар фарози таърих миёни ҷомеа обрӯ ва мартабаи хосро соҳиб буд. Корномаи занони тоҷик ва шуҷоати онҳо бар муқобили ғасбгарону ғоратгарони аҷнабӣ, беадолативу разилӣ дар ҳамаи лаҳзаҳои таърих эҳсос мешавад. Васфи занони шуҷоъро бисёре аз гузаштагони мо дар асару достонҳои худ ҷой дода, тавсифи шуҷоати онҳоро намуданд. Чунончи дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар радифи симои мардон симои занон низ мавқеи махсуси худро дорост. Дар мисоли Рудоба – модари ҷаҳонпаҳлавон Рустам, Гурдофарид – ҳимоятгари Ватан, Гурдия – зани ҳунарманду покниҳод ва соҳибҷамолу бофаросат, ки барои гирифтани пеши роҳи ҷанг кӯшиш менамуд ва ғайраҳо. Симои ин қаҳрамонзанҳо гувоҳи онанд, ки зани тоҷик дар ҳама давру замон ва дар ҳама гуна шароит дар баробари мардон пешбарандаи ҳаёти ҷамъиятӣ дониста шудаанд.
 

Муфассал: ВОКУНИШ: ба андешаи Додоҷон Атовуллоев!!!!!!

Суратгузориш

Суратгузориш аз рафти намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулотҳои кишоварзӣ ва хӯрокҳои миллии ҳунармандони шаҳри Норак дар "Боғи Фирдавси"-и шаҳри Душанбе бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ МАМЛАКАТ!

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Норак 15 сентябри соли 2023 бо кормандони КАТС-и шаҳри Норак вохӯри таҳти унвони “ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ МАМЛАКАТ” баргузор гардид.
 
Дар вохӯрӣ Котиби Шӯрои Вахдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Норак Собиров Ш.Б, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак Зайниддинов Азамат, Сармутахассиси бахш Ғафурзода Фирдавс ва роҳбарияти муассиса иштирок намуданд.