МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

ЗАНОНУ БОНУВОНИ ТОҶИК - ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛИАНД!

Либос ва либоспӯшӣ - ҷузъи фарҳанги ҳар миллат буда, шаҳрвандон онро бо мақсади ҳифзу ҳимояи бадан аз таъсири манфии муҳити атроф,инчунин ба хотири зебопарастӣ ва муаррифии намудани зоҳирии хеш ба бар мекунанд.Либос таассуроту ҷаҳонбинии одамонро низ муаяйн намуда,мақому манзалати иҷтимоии ӯро равшан мегардонад.Дар баробари ин либос як рукни фарҳанги миллӣ буда,дар он афкори рангини мардум ифода меёбад ва ҳар нақшу нигори он мазмуни миллӣ дошта,дар он орзую омол ва пиндорҳои одамон ифода мегардонад.
 
Либосҳо мувофиқи диди миллӣ дӯзонида шуда,дар онҳо арзишҳои миллӣ ба инобат гирифта мешаванд.Мутаасифона дар бисёр мавридҳо дар либоспӯшии духтарону занони мо ин чизҳо ба назар намерасад.Тарзи либоспӯши ҷузъи фарҳангии халқ ба ҳисоб рафта,риояи он барои ҳифзу ҳимояи анъанаҳои миллӣ, муаррифии шоистаи халқ ва ба сифати кишвари воҳиди ягона ташаккул ёфтани мамлакат мусоидат менамояд.
 

Муфассал: ЗАНОНУ БОНУВОНИ ТОҶИК - ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛИАНД!

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак-Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, ва роҳбарияти муасисаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и деҳаи Чал Чали Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бо хонандагони сину соли 14-16 ва 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.
 
Дар рафти сӯҳбат вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид расонида шуд. Ҳамзамон тарғиби васеъ вобаста ба дастовардҳо ва созандагиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст.
 

МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Дар шаҳри Норак маъракаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
 
Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 14 декабри соли ҷорӣ бо иштироки кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кулоб маракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иқдом гирифтааст, ки чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва кабудизоркуниро бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иду маъракаҳо вусъат диҳад.
 

АЁДАТИ МОДАРИ 105 СОЛА

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бо мақсади ба ғамхорӣ ва аёдат фаро гирифтани пирони хирад имрӯз 14 декабри соли 2023 муовини якуми раиси шаҳри Норак Азимзода Шуҳрат аз вазъи зисту зиндагии Модари 105 сола Давлатова Нурбӣ сокини деҳаи Маҳрозӣ Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак боздид ба амал овард.
 
Зимни суҳбат оид ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда шуд.
Модарони рӯзгордида аз таваҷҷуҳ ба пирони хирад дар замони соҳибистиқлолӣ баҳри рушди босуботи Ватан ва ҷовидона танинандозии ваҳдати миллӣ дуои хайр намуданд.
 

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ-ВАЗИФА ВА ҚАРЗИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

Санаи 13 декабри соли 2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи шаҳр бо иштироки раиси комиссияи, муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро ва аъзоёни Комиссия ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия доир карда шуд.
 
Дар ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак 2 масъала баррасӣ карда шуд.
 

Муфассал: МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ-ВАЗИФА ВА ҚАРЗИ ҲАР ЯКИ МОСТ!