МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2023
Норак

Суратгузориш аз рафти баргузории барномаи рангини фарҳангии шаҳри Норак дар Боғи "Ирам"-и шаҳри Душанбе бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии ҳунармандони шаҳри Норак дар "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ - БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Бале, Исмоили Сомон ту ҳастӣ,
Шукӯҳи бахти нурафшон ту ҳастӣ.
Муборак ҷашни Истиқлолу Ваҳдат,
Ба қалби Тоҷикистон ҷон ту ҳастӣ.
 
Аз таҷрибаи рӯзгори башарият маълум аст, ки дар ҳар як давраи таърихӣ барои берун кашидани ҷомеа аз мушкилоти сиёсӣ ва умуман буҳрони маънавӣ, шахсиятҳое ба арсаи сиёсат падид меоянд, ки бо пайкори хеш дар сарнавишти халқу миллатҳо нақши бузург мегузоранд.
 
Бинобар ин, бешак миллати соҳибназари тоҷик ва тоҷикистониён гуфта метавонанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки бақои миллати тоҷикро дар мушкилтарин лаҳзаҳои давлатдорӣ таъмин намуда, дар таҳкими Истиқлолият ва таъмини ваҳдати комили ҷомеа, нақши асосӣ доранд.
 

Муфассал: ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ - БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

САҲМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 5 сентябри соли 2023 дар толори муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак бахшида ба таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони "Саҳми Пешвои муаззами миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, масъулини шубаю бахшҳои рушди иҷтимоӣ, маориф, занон, ҷавонон ва собиқадорони меҳнат иштирок намуданд.
 
Дар ҳамоиш баромадкунандагон ҳозиринро бо 32-юмин солгарди эҳёи Давлати навини Тоҷикистон, ҷашни муқаддасу саид табрик намуда, иброз намуданд, ки Истиқлол муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, аз нури ҳаётбахши он рӯзгори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рӯзафзун пайдо кард.
 

Истиқлолият барои мо насли ҷавон нишони барҷастаи пойдории давлат ва бақои миллат аст.

Ба тамоми халқи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бо нангу номуси миллат ва ҳар фарди худогоҳ зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд.
 
Миллати тамадунофари тоҷик бахусус ҷавонони ватандусту фарзандони шуҷои ватан ба шарофати истиқлолият ғояи таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва тарғиби худогоҳиву худшиносиро ба пояи сиёсати давлатӣ бардоштаанд ва ин роҳро идома хоанд дод.
 

Муфассал: Истиқлолият барои мо насли ҷавон нишони барҷастаи пойдории давлат ва бақои миллат аст.