Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба Рӯзи мақомоти Прокуратура
- Нашр шуд: 14.03.2022 11:01
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак кормандони мақомоти прокуратура ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати рӯзи кормандони мақомоти прокуратура муборакбод мегӯям.
Ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, саодати зиндагӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар адои вазифаи пурмасъулиятатон баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузориатон дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муваффақиятҳо таманно мекунам.