МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июн 2023
Норак

ВОХӮРИ БО ПАДАРУ МОДАРОНИ ХОНАНДАГОНИ МТМУИ № 24- ДЕҲАИ ДУРДАТСИ ЧАНОР

Дар санаи 3 апрели соли ҷорӣ тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар МТМУ № 24 - и деҳаи Чанори Ҷамоати деҳоти Дӯкони шаҳри Норак вохӯри бо падару модарони хонандагон баргузор гардид.
 
Дар он муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Зайниддинов Азамат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муфассал: ВОХӮРИ БО ПАДАРУ МОДАРОНИ ХОНАНДАГОНИ МТМУИ № 24- ДЕҲАИ ДУРДАТСИ ЧАНОР

ИМТИЁЗ - БА ТАҲСИЛ

Яке аз иқдомҳои шоистае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 анҷом доданд, таъсиси квотаи Президентӣ маҳсуб меёбад. Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки духтарону писарон аз ноҳияҳои дурдаст бештар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шомил гарданд ва барои рушду инкишофи ҷомеа хизмати арзанда намоянд.
 
Санаи 28 апрели соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохӯрии муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарони онҳо баргузор гардид.

ВОХӮРӢ БО ОМӮЗГОРОН

"ОМӮЗГОР БОЯД ТАРБИЯТДИДА БОШАД, ВАГАРНА КАСЕ АЗ ВАЙ ДОНИШ ВА ТАЪЛИМИ ДУРУСТ ГИРИФТА НАМЕТАВОНАД"
 
«Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад». Ин яке аз муҳимтарин нуктаест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр доштанд. Воқеан ҳам маориф чун воситаи асосиест, ки барои рушд ва пешравии миллат хизмат менамояд.
 

Муфассал: ВОХӮРӢ БО ОМӮЗГОРОН

ТАРБИЯ НАМУДАНИ ФАРЗАНД ВАЗИФАИ АСОСИИ ПАДАРУ МОДАР, ОМӮЗГОР ВА ҶОМЕА МЕБОШАД!

Дар санаи 29 - апрел тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар МТМУ № 10 - и деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти Дӯкони шаҳри Норак вохӯри бо падару модарони хонандагон баргузор гардид.
 
Дар он муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Зайниддинов Азамат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муфассал: ТАРБИЯ НАМУДАНИ ФАРЗАНД ВАЗИФАИ АСОСИИ ПАДАРУ МОДАР, ОМӮЗГОР ВА ҶОМЕА МЕБОШАД!

ҚАБУЛИ МЕҲМОНОН АЗ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН ДАР ШАҲРИ НОРАК

27 апрели соли 2023 дар шаҳри Норак Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва Қодирхонова Малика Акбаровна- Раиси комитети сенати олии маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон - оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муовинони раиси шаҳри Норак дар назди даромадгоҳи НБО-и Норак ба номи Т.Улҷабоев бо барномаи фарҳанги пешвоз гирифтанд.
 
Дар доираи сафар меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва макони нури НБО-и Норак дидан намуданд.

Муфассал: ҚАБУЛИ МЕҲМОНОН АЗ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН ДАР ШАҲРИ НОРАК