МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2025
Норак

Ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр

23 августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Норак ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр баргузор гардид.


Дар рафти ҷаласа ҳисоботи мудири шуъбаи маориф Ҳайдарзода Садбарг оид ба омодагии муассисаҳои таълимии шаҳр ба соли нави таҳсил шунида шуд.


Сипас раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод баҳри омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистон ба шахсони масъул дастуру супоришҳо доданд.

Муфассал: Ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр

Кумитаи тадорукоти оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 19 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Кумитаи тадорукоти оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.


Дар рафти ҷалса муовин раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан оид ба масъалаи омодаги ба ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, баҳри бо тантана ҷашн гирифтани ин санаи таърихи ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Муфассал: Кумитаи тадорукоти оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба рӯзи касбии табибони тоҷик

Ҳамасола 18 август дар кишвари мо рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ҷашн гирифта мешавад. Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки ҳар сол иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ дар зодрӯзи мутафаккири бузурги шарқ– Абӯалӣ ибни Сино, ки ба пешрафту инкишофи илми тибби ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштааст, қайд карда мешавад. Ба ин муносибат, табибони арҷманд ва кулли кормандони соҳаи тибро самимона табрик мегӯям.


Боиси қаноатмандӣ ва саодатмандиву иқболи баланди мардуми мост, ки халқи тоҷик дар фазои сулҳу осудагӣ, ваҳдати комил ва руҳияи баланди созандагӣ зиндагӣ дорад.

Муфассал: Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба рӯзи касбии табибони тоҷик

Баргузории Кумитаи тадорукоти оид ба омодагиҳо ба ҷашни дарпешистода

Рӯзи 19 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Кумитаи тадорукоти оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.


Дар рафти ҷалса муовин раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан оид ба масъалаи омодаги ба ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, баҳри бо тантана ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Муфассал: Баргузории Кумитаи тадорукоти оид ба омодагиҳо ба ҷашни дарпешистода

Ҷамъомади умумишаҳрӣ бахшида ба Рӯзи табибон

Рӯзи 18 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи беморхонаи марказии шаҳр ҷамъомади умумишаҳрӣ бахшида ба Рӯзи табибон баргузор гардид.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод табибон ва кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро ба Рӯзи касбӣ- Рӯзи табибон табрик намуд.


Сипас ба якқатор табибону кормандони соҳаи тиб ифтихорномаҳою туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тиб супорида шуд.

Муфассал: Ҷамъомади умумишаҳрӣ бахшида ба Рӯзи табибон