МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2025
Норак

Зимистонгузаронӣ дар мадди аввал

Рӯзи 16 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр баргузор гардид.


Тибқи рӯзномаи ҷаласа муовини якуми раиси шаҳр Азимзода Шуҳрат оид ба ҷамъбасти рушди тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар моҳи июли соли 2021 ҳисобот доданд.

Муфассал: Зимистонгузаронӣ дар мадди аввал

Машварати августии омӯзгорони шаҳр

Рӯзи 14 августи соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак машварати августии омӯзгорони шаҳр баргузор гардид.


Дар машварат раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, Намояндаи Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Алимардонов Сафармуҳаммад иштирок намуданд.


Машваратро мудири маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти шуъбаи маориф дар соли ҷорӣ ҳисобот дода, қайд карданд:
Дар тобеяти шуъбаи маориф 37 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад.

Муфассал: Машварати августии омӯзгорони шаҳр

Парвариши гулмоҳӣ

Ҷаласаи муҳим баргузор гардид

Рӯзи 9 августи соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласа бо иштироки имомхатибони масҷидҳои шаҳр баргузор гардид.


Ҷаласаро муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан оғоз намуда, оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни аҳолӣ бахусус дар байни ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, сироятёбӣ аз бемории ВНМО ва бемории нав Covid-19 суханронӣ намуданд.

Муфассал: Ҷаласаи муҳим баргузор гардид

Ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр

Рӯзи 9 августи соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр баргузор гардид.


Дар рафти ҷаласа раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аз роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва шахсони масъул оид ба рафти иҷрои корҳои ободонию сохтмонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсиш ба амал оварда, баҳри боз ҳам ҷоннок бахшидани корҳои ободонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Муфассал: Ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр