ШАҲРИ МО-ЧЕҲРАИ МО! Муроҷиатномаи раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба сокинон
-
Нашр шуд: 12.08.2021 06:36
Сокинони шарафманд, бонангу номус ва сарбаланди шаҳри Норак!
Мо имрӯз хушбахт аз онем, ки таҳти сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ кору зиндагӣ дорем.
Мавриди зикр аст, ки миллати тоҷик аз ҷумла мо, сокинони шаҳри бостонии Норак масъулияти бузурги ватандориро ба дӯш гирифта, ба марҳилаи нави давлатсозиву миллатсозӣ ворид гардидем. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ватансозӣ ин масъулияте нест, ки ба ҷуз худи мо каси дигар онро ба дӯш гирад ва ё ин қарзи фарзандиро ба дигарон бовар кунем. Зеро касе ба ҷои мо хонаи моро, кӯчаи моро, шаҳри моро ва дар маҷмӯъ, Ватани моро обод намекунад. Танҳо фарзандони бонанги ҳамин сарзамин қодиранд чунин вазифаи бузургу пурифтихорро ба дӯш гиранд. Танҳо мову шумо ҳастем, ки дар канори гарми ин сарзамин ба дунё омада, ба хоку обу ҳавои он меҳр бастаем. Танҳо мову шумо ҳастем, ки мисли фарзанд дар баробари Модар-Ватани худ масъулият ва қарзи имониву виҷдонӣ эҳсос мекунем.
Муфассал: ШАҲРИ МО-ЧЕҲРАИ МО! Муроҷиатномаи раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба сокинон