МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2025
Норак

Саломати дар мадди аввал

Субҳи имрӯз дар маркази КАТС -и шаҳр эмгузаронии оммавӣ алайҳи кароновирус баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳр, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва инчунин намояндагони дигар муассисаҳою корхонаҳои ширкат варзиданд.

 

Муфассал: Саломати дар мадди аввал

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявӣ "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

Рӯзи 28 июли соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявӣ "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар соли 2021 баргузор гардид, ки дар он аз рӯи 5 номинатсия:


-адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ
-адабиёти классикӣ
-адабиёти муосир
-адабиёти ҷаҳон
-эҷоди назму наср


хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, омӯзгорон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок карданд.

Муфассал: Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявӣ "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

Қарордод оиди хобонидани қубурҳои обгузар

Рӯзи 28 июли соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо намояндагони ширкатҳои дар озмуни БАТР ғолибомада бо намояндагони ҶСК "ТОҶИКСГЭМ" барои хобонидани қубурҳои обгузар ҳаҷмашон 426 аз ГСС то маҳаллаи Тутқавул ба масофаи 8 км ва бо ҶДММ "Хуршеди Хоразм" барои хобонидани қубурҳои обгузар ҳаҷмашон 426 аз ГСС то маҳаллаи Деҳи Сабур ба масофаи 5,5 км қарордод бастанд.


Ширкатҳо муззаф гардиданд, ки то анҷоми соли ҷорӣ қубурҳои оби нӯшокиро гузаронанд, ки дар натиҷа норасои ва мушкилотҳои оби нӯшокӣ дар шаҳри Норак ба пуррагӣ ҳалу фасл мегардад.

Муфассал: Қарордод оиди хобонидани қубурҳои обгузар

Ҷаласаи кории раиси шаҳр

Имрӯз, 26 июли соли ҷорӣ ҷаласаи кории раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод бо роҳбарони корхонаю муассисаҳо, ҷамоатҳо фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод қайд намуданд, ки рӯзҳои 23-24 июни соли 2021 тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода якқатор раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, соҳибкорон, кишоварзон ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ доштанд.

Муфассал: Ҷаласаи кории раиси шаҳр

Намоишгоҳи фурӯши китоб

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тарғибу тарвиҷи фарҳанги китобхонию китобдорӣ бо ташаббуси Муассисаи нашриявии "Адиб" имрӯз дар маркази шаҳри Норак намоишгоҳи фурӯши китоб баргузор гардид.


Намоишгоҳ аз ҷониби сокинони фарҳангдӯсти шаҳр бо истиқболи гарм рӯ ба рӯ гардид.


Дар ин намоишгоҳ 100 номгӯи китоб бо теъдоди 1200 нусха ба фурӯш гузошта шуд.

Муфассал: Намоишгоҳи фурӯши китоб