Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати иди Қурбон рӯзи 20 июли соли 2021
-
Нашр шуд: 19.07.2021 10:59
Ҳамдиёрони азиз!
Иди Қурбон яке аз санаҳои фархунда дар дини мубини Ислом ва суннатҳои некуписандидаи тамоми мусулмонони ҷаҳон ба шумор меравад.
Ба ин муносибат, тамоми мардуми шарифи Норакшаҳрро самимона табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори некро орзумандам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои табрикии худ ба муносибати иди Қурбон таъкид карда буданд, ки воқеан мӯъминон дар ин рӯзи шариф ба даргоҳи Худои таоллоҳ ба садоқату фидокорӣ ва ибодату парҳезкорӣ барои покизагӣ ва назофати ҷисму руҳ муноҷот менамоянд, зеро моҳияти аслии Иди Қурбон «Наздикӣ ҷустан ба Зоти беҳамто ва якто» мебошад. Яке аз беҳтарин фазилатҳои Иди Қурбон дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру некӣ намудан ба дармондагону ниёзмандон аст.
Муфассал: Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати иди Қурбон рӯзи 20...