МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2022
Норак

Интихобот - 2020

Гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Казоқистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба шаҳри Норак ташриф оварда, ба рафти омодагиҳои Интихобот-2020 шинос шуданд. Ҳамчунин меҳмонон аз Неругоҳи оби барқии Норак ба номи Т. Улҷабоев дидан намуданд.

 

 

Муфассал: Интихобот - 2020

Хизмат ба Ватан қарзи фарзандист

Рӯзи 27 феврали соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласа оид ба сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Норак иброз доштанд, ки барои даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар шаҳр ҳамаи имкониятҳо мавҷуд буда, аллакай ҷавонони баору номусу ватандӯст ихтиёрӣ ба комиссарияти ҳарбӣ бо ариза муроҷиат намуда истодаанд. Ин шаҳодати он аст, ки ҷавонон масъулияти худшиносӣ ҳис намуда, баҳри ҳифзи Ватан- Модар омодааснд.

Муфассал: Хизмат ба Ватан қарзи фарзандист

Мушоҳидон дар шаҳри Норак

28 феврали соли 2020 гурӯҳи корӣ аз мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳайати 4 нафар(Федератсияи Россия, Қирғизистон, Покистон) аз рафти омодагиҳо ба баргузории интихобот-2020 дар участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ шинос шуда, аз фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар шаҳр, овоздиҳии беморону маъюбон ва шахсони барҷомонда, ҷавонони бори аввал овоздиҳанда ва муҳоҷирони меҳнатӣ...

 

Муфассал: Мушоҳидон дар шаҳри Норак

Қаноатмандӣ аз омодагиҳо

27 феврали соли 2020 ба шаҳри Норак гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ оид ба баргузории интихобот -2020 аз участкаю ҳавзаҳои интихоботӣ дидан намуданд. Зимни шиносоӣ ба омодагиҳои участкаю ҳавзаҳои интихоботӣ, тартиби баргузорӣ, утоқхои овоздиҳӣ, рӯйхати интихобкунандагон  изҳори қаноатмандӣ намуда,ба шахсони мутасаддӣ барои дар сатҳи баланд баргузории  интихобот  барори  кор  орзу  намуданд.

Муфассал: Қаноатмандӣ аз омодагиҳо

Вохӯрии судманд

Рӯзи 27 феврали соли 2020 раиси шаҳри Норак тибқи нақшаи корӣ дар толори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак бо кормандони шуъба вохӯрд. Зимни вохӯрӣ оид ба нақши кормандон дар риояи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷиноят ва ҷинояткорӣ, роҳ надодан ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ба мардуми тоҷик бегона, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ...

 

Муфассал: Вохӯрии судманд