Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ
- Нашр шуд: 25.06.2021 05:53
Имрӯз 23 июни соли 2021 таҳти раисии муовини якуми раиси шаҳри Норак ҷаласаи ситоди зимистонгузаронӣ баргузор гардид.
Азимзода Шуҳрат аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 пурсиш ба амал оварда, барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо супоришҳои мушаххас доданд.