Ҷаласаи корӣ
- Нашр шуд: 24.02.2021 09:13
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи корӣ бо иштироки кормандони кумитаи замин ,КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул", шуъбаи ҳифзи муҳити зист, ҷамоатҳои деҳот баргузор гардид.
Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аз рафти иҷрои чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, шахсони масъулро вазифадор намуд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуди самаранок истифода намуда, ба кабудизоркунии шаҳру деҳот, корхонаю муассисаҳо ва оқилонаю самаранок истифодабарии ҳар як қитъаи замин диққати ҳамаҷониба диҳанд.