МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2023
Норак

Боз як иқдоми созандаи соҳибкорон

Рӯзи 7 апрели соли ҷорӣ бо иқдому ташаббуси ободкоронаи соҳибкори маҳаллӣ Нуриддин Раҳимов корҳои таҷдиду азнавсозии кинотеатри "Вахш" оғоз гардид.
Кинотеатри мазкур аз солҳои 90-уми асри гузашта корношоям ва валангор гардида буд.


Бо пешниҳоди раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод соҳибкори ватандӯст Нуриддин Раҳимов ва якчанд соҳибкорони маҳаллӣ иқдом гирифтанд, ки то ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ иншооти мазкурро пурра таъмиру таҷдид ва барқарор намуда, ба истифодабарӣ омода намоянд.

Муфассал: Боз як иқдоми созандаи соҳибкорон

Таъмини об ба аҳолӣ

Имрӯз, 8 апрели соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дӯконӣ корҳои обёрӣ оби нӯшокӣ ва полезӣ амалӣ шуд, ки дар масофаи 9 ҳазор метр аз нақби Хатлон то деҳаи Найизирак қубури об гузаронида шуда, 7 ҳазор бех ниҳолҳои шафати шоҳроҳи Душанбе-Кулоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дӯконӣ бо оби полезӣ таъмин карда шуда, сокинони 38 хоҷагии деҳаи Найизирак ва хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд.


Баҳри ҳарчи тезтар амалӣ гаштани лоиҳа аҳолӣ, кормандони корхонаю муассисаҳои шаҳр дастаҷамъона ба ҳашар баромада, корҳои ободониро анҷом дода истодаанд.

Муфассал: Таъмини об ба аҳолӣ

Озмуни "Турсунзодахонӣ" дар Норак

Имрӯз 8 апрели соли 2021 дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳр озмуни шаҳрии "Турсунзодахонӣ" байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, асосӣ ва ибтидоӣ оғоз гардид.

 

Бо ибтикори китобхонаи марказии ба номи "Дӯстии халқҳо"-и шаҳр хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 аввалин шуда бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар озмуни "Турсунзодахонӣ" иштирок намуданд.

Муфассал: Озмуни "Турсунзодахонӣ" дар Норак

ВОРУХ ЧӢ ГУНА "АНКЛАВ" ШУД? ТАЪРИХИ НИЗОЪИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ Муаллиф: Баҳманёр Надиров, Азия-Плюс, 05.04.2021.

Оид ба харитаҳо, санадҳо, музокирот ва ҳодисаҳо, ки дар натиҷаи онҳо Ворух "анклав" шуд.

 

Собиқ мири шаҳри Исфара ва иштирокчии чандинкарата музокироти байниҳукуматӣ Мирзошариф Исломидинов ба «Азия-Плюс» дар бораи таърихи низоъҳо дар сарҳад –оид ба харитаҳо, санадоеҳоиса "Валіс ки

Муфассал: ВОРУХ ЧӢ ГУНА "АНКЛАВ" ШУД? ТАЪРИХИ НИЗОЪИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ Муаллиф: Баҳманёр Надиров, Азия-Плюс,...

Дарки масъулияти вакилӣ

Дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи №10 Асозода Дилшод Алимурод-раиси шаҳри Норак аз ҷониби вакилон якдилона тасдиқ карда шуд.


Асозода Дилшод Алимурод дар назди вакилон ботантана савганди вакилӣ ёд намуд.

Муфассал: Дарки масъулияти вакилӣ