Озмуни "Маданияти андозсупорӣ- баҳои бофарҳангии ҷомеа"
- Нашр шуд: 15.05.2021 03:38
Имрӯз, 14 майи соли 2021 дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи шаҳри Норак даври аввали озмуни ҷумҳуриявии "Маданияти андозсупорӣ- баҳои бофарҳангии ҷомеа" аз рӯи номинатсияи расми беҳтарин-зери унвони "Андоз аз нигоҳи наврасон" баргузор гардид.
Дар озмун 164 нафар хонандагони 21 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд. Ҳайати доварон расмҳои офаридаи иштирокчиёни озмунро баҳогузорӣ намуданд.
Баъди муайян намудани ҷойҳо 9 нафар ғолибон бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳои нозироти андози шаҳр сарфароз гардонида мешаванд.
Муфассал: Озмуни "Маданияти андозсупорӣ- баҳои бофарҳангии ҷомеа"