МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

Моҳи эҳсону накӯкорӣ

Дар моҳи саиди Фитр бо иқдоми хайрхоҳона ва амали хайру савоб аз ҷониби шахси саховатпеша Муҳидов Абдурасул ба 130 оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва ниёзмандони шаҳр дасти хайру саховат дароз намуда, маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ дастрас намуд.


Боиси зикр аст, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона аз ҷониби шахсони саховатпеша дар шаҳри Норак рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

Муфассал: Моҳи эҳсону накӯкорӣ

Моҳи хайру савоб

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи корӣ бо иштироки эмомхатибони масҷидҳои шаҳр баргузор гардид.


Муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан қайд намуданд, ки дар моҳи рамазон ба гурӯҳҳои ниёзманд, аз ҷумла ятимону бепарасторон, маъюбон, беморону пиронсолон ва дигар шахсони бештар ба дастгирӣ эҳтиёҷдошта расонидани кӯмак ҳамчун кори хайру садақа зарур аст.

Муфассал: Моҳи хайру савоб

Корнамоиҳои падару бобоён ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд

Рӯзи 7 майи соли 2021 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод зимни баромад аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат ва сокинони шаҳрро бо Рӯзи Ғалаба самимона шодбош гуфта, қайд намуданд, ки иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корномаҳои ибратомӯз ва қаҳрамонию мардонагии падарону бобоёни мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хати зарин сабт шудааст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар дили ҳар як хонадони мардуми тоҷик ҷароҳате гузошта, корномаҳои диловарони Ватан ва заҳмати созандаи мардуми ақибгоҳ барои насли наврас ҳамчун рамзи ватандӯстӣ ҷовидон боқӣ мемонад.

 

Муфассал: Корнамоиҳои падару бобоён ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд

Ба хотираи шаҳидон

Субҳи рӯзи 7 майи соли 2021 раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод , роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаю муассисаҳо дар назди муҷассамаи "Аскари номаълум" бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд. 

Муфассал: Ба хотираи шаҳидон