МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Иди Ғалаба рӯзи 9 майи соли 2021

Ҳамдиёрони азиз! Собиқадорони гиромӣ!


Баҳори 76-ум аст, ки мо рӯзи 9 май Иди Ғалабаро таҷлил менамоем. Иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корномаҳои ибратомӯз ва қаҳрамонию мардонагии падарону бобоёни мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хати зарин сабт шудааст. Бешубҳа, Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар дили ҳар як хонадони мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон, ҷароҳате гузошта, корнамоиҳои диловарони Ватан барои насли наврас ҳамчун рамзи ватандӯстӣ ҷовидон боқӣ мемонад.


Ба ин муносибат ҳамаи Шумо, махсусан заҳматкашони ақибгоҳро самимона табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама сиҳатмандиву хушрӯзӣ ва осмони соф орзу менамоям.

Муфассал: Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Иди Ғалаба рӯзи 9 майи...

Моҳи эҳсону накӯкорӣ

Дар моҳи шарифи Рамазон бо иқдоми хайрхоҳона ва амали хайру савоб аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ба 500 оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва ниёзмандони шаҳр дасти хайру саховат дароз намуда, маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ дастрас намуданд.


Боиси зикр аст, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона аз ҷониби шахсони саховатпеша дар шаҳри Норак рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

Муфассал: Моҳи эҳсону накӯкорӣ

Аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муносибати 76 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

Рӯзи 5 майи соли равон намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Одинашоҳ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба манзили иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах ташриф оварда, эшонро бо фарорасии 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику тахният гуфтанд ва барояш сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рўзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда таманно намуданд.

 

Ба аёдатшуда кӯмакпулии якдафъаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 10000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси вилояти Хатлон ба маблағи 2500 сомонӣ ва кӯмакпулии Раиси шаҳри Норак ба маблағи 1500 сомонӣ тақдим карда шуд.

Муфассал: Аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муносибати 76 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

Вохӯрии судманд

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки кормандони Ташкилоти ҷамъиятии "Лигаи  занони ҳуқуқшиноси  Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо занону ҷавондухтарони корхонаю ташкилотҳои шаҳр оид ба баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии кормандони тиб ва беморон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқҳои мизоҷон ва духтурон вохӯрӣ баргузор гардид.

Муфассал: Вохӯрии судманд

Мақсад: Омода намудани ҷавонон ба дастрасӣ ва истифодаи имкониятҳои иқтисодии мавҷуда ва оянда

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳр ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба ҷорисозии омӯзиши малакаҳои нави касбӣ ва таълимӣ баргузор гардид.


Кормандони ташкилоти Ҳайати Шафқат дар Тоҷикистон фаъолияти ташкилотро дар соли сипаригашта дар самти маориф мусбӣ арзёбӣ намуда, омӯзиши техникӣ-касбӣ ва ба талаботи бозори меҳнат нигаронида шударо аз тарафи ҷавонон афзалиятнок арзёбӣ намуданд.


Ба як гурӯҳ ҷавонон, ки курсҳои кутоҳмуддатро хатм намудаанд, сертификат ва туҳфаҳо супорида шуд.

Муфассал: Мақсад: Омода намудани ҷавонон ба дастрасӣ ва истифодаи имкониятҳои иқтисодии мавҷуда ва оянда