МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

Суратгузориш аз рафти намоиши дастовардҳои муассаҳои таълимии шаҳр дар машварати августии соҳаи маорифи шаҳри Норак

Баргузории хонишҳои сиёсӣ таҳти унвони "Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - омили таҳкими пояҳои давлатдорӣ" байни кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр.

Дар доираи ҷадвали филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон оид ба тақвияти фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар корхонаву идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр, таҳти унвони "Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - омили таҳкими пояҳои давлатдорӣ" ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз бо иштироки масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, сарбозони қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норакбуда ҷаласа доир гардид.
 
Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
Дар қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норакбуда намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо пешниҳод ва овоздиҳии ҳайати сарбозон, раиси намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норакбуда аз ҳисоби сарбозон интихоб карда шуда, сарбозони қисми ҳарбии мазкур ба сафи ИҶТ аъзо гардиданд.

Муфассал: Баргузории хонишҳои сиёсӣ таҳти унвони "Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - омили таҳкими пояҳои...

МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲР БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 17 августи соли равон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод намояндаи раёсати маорифи вилояти Хатлон Шукурзода Малика, кормандони маорифи шаҳр, собиқадорони соҳа, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорону толибилмони фаъол машварати августии соҳаи маориф баргузор гардид.
 
Дар машварат нахуст фаъолияти соли таҳсили 2022-2023 мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор гирифта, аз дастовардҳои соҳа ёдоварӣ карда шуд. Зикр гардид, ки дар ин давра дастовардҳои самти маориф назаррас буда, хонандагон дар олимпиадаҳо соҳиби 268 ҷой гаштанд. Дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ 69 нафар, ҷумҳуриявӣ 34 нафар, ва вилояти 165 нафар мебошад.
 

Муфассал: МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲР БАРГУЗОР ГАРДИД

СОЛИМИИ ҶОМЕА АЗ ИНКИШОФИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВОБАСТАГӢ ДОРАД!

Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
 
Дар бораи рушди соҳаи тандурустӣ Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ қайд намуда буданд:"Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад".
 

Муфассал: СОЛИМИИ ҶОМЕА АЗ ИНКИШОФИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВОБАСТАГӢ ДОРАД!

НОРАК:ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАБИБОН

Санаи 16 августи соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи табибон баргузор гардид. Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод табибон ва кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро ба Рӯзи касбӣ- Рӯзи табибон табрик намуд. Сипас ба якқатор табибону кормандони соҳаи тиб ифтихорномаҳою туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тиб супорида шуд.