МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

Натиҷагирӣ аз "Сад ранги чакан"

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми муносиб ва иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузор намудани фестивали ҷумҳуриявии "Сад ранги чакан" бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо сипоснома сарфароз гардонид.

 

Муфассал: Натиҷагирӣ аз "Сад ранги чакан"

Мақсад: сарфаи оби нӯшокӣ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ҷаласаи корӣ баргузор намуд.


Тибқи нақшаи корӣ масъалаи "Татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ва ҷамъоварии ҳаққи хидматрасонии об дар Муассисаи давлатии "Обҳои нӯшокӣ ва коррезӣ" мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Сардори муассиса Назуруллоев И.Б. аз ҷумла қайд намуданд, ки корхона дорои дастгоҳи таъминоти оби нӯшокӣ ва хизматрасониҳои обҳои корезӣ ва таъмири андаруни хонаҳо, дастгоҳи хизматрасонии хоҷагии барқ буда, 115 нафар коргар дар ин самт фаъолияти пурсамар дорад.

Муфассал: Мақсад: сарфаи оби нӯшокӣ

Рамзи анор дар шоҳроҳи Душанбе-Кулоб

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Неъматзода Маликшо Маҳмадшо (собиқ раиси шаҳри Норак) барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани рамзи анор дар шоҳроҳи Душанбе-Кулоб, ки боз як гӯшаи шаҳри Норакро ободу зебо гардонид, изҳори сипос ва миннатдорӣ менамояд.

Муфассал: Рамзи анор дар шоҳроҳи Душанбе-Кулоб

Оғози як моҳи ҷавонӣ дар шаҳри Норак

Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" дар шаҳри Норак тибқи нақшаи корӣ давоми 1 моҳ гузаронидани маҳфилҳои илмию эҷодӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ ва варзишию оммавиро дар шаҳру деҳот доир менамояд.


Бо ин мақсад дар китобхонаи марказии "Дӯстии халқҳо" маҳфили илмию фарҳангӣ бо иштироки аъзои фаъоли китобхона баргузор карда шуд. Ҳамчунин дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 мусобиқаи умумишаҳрии волейбол миёни дастаҳои шаҳру деҳот баргузор гардид.

Муфассал: Оғози як моҳи ҷавонӣ дар шаҳри Норак

Аксияи "Тозагии соҳили дарё ва маҳал"

Имрӯз, 1 майи соли ҷорӣ аксия ба ифтихори ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарё ва вусъат додани корҳои ободонию кабудизоркунӣ гузаронида шуда, дар он зиёда аз 600 нафар сокинони шаҳр, кормандони корхонаю ташкилотҳо фаъолона иштирок намуданд.


Иштирокдорони аксия соҳили дарёи "Вахш", гирду атрофи кули "Комсомол"- ро аз партовҳо тоза намуда, заминҳои ҳудуди кӯчаи 50-солагии Норакро тахту ҳамвор намуда, барои шинонидани гулҳои мавсимӣ ва сабзазор намудан омода намуданд.

Муфассал: Аксияи "Тозагии соҳили дарё ва маҳал"