Бахшида ба ҷашни миллӣ
- Нашр шуд: 27.04.2021 14:03
Рӯзи 21 апрели соли 2021 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак даври аввали фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2021" бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" бо иштироки ҳайати доварон зери роҳбарии сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловиддин Абдуллозода баргузор гардид.
Тибқи талаботҳои фестивал-озмун ҳайати доварон ба ҳунарҳои санъатдӯстони шаҳри Норак 134 хол баҳогузорӣ намуданд.