МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2023
Норак

Вохӯрии судманд

Дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак оид ба мазмун ва мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва масъалаҳои мубрами руз бо иштироки падару модарон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 вохӯрии судманд доир гардид .


Дар он муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан иштирок ва суханронӣ намуд.

Муфассал: Вохӯрии судманд

Ғолибони даври шаҳрии озмуни вилоятӣ "Оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот" қадрдонӣ карда шуданд.

Санаи 15 январи соли 2021 дар маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2020 тибқи қарори раиси шаҳри Норак аз 13 апрели 2020, N°24 ғолибони даври шаҳрии озмуни вилоятии "Оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот" мувофиқи низомномаи озмун аз рӯйи номинатсияҳои "Беҳтарин ҷамоати деҳот" 2 ҷамоат, "Беҳтарин оила" 6 нафар , "Беҳтарин маҳалла " 3 маҳалла , "Беҳтарин деҳа" 3 деҳа , "Беҳтарин кӯча"3 кӯча ва "Беҳтарин минтақаи манзилӣ" 3 минтақа бо дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва маблағҳои пулӣ, дар маҷмӯъ 13000 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.


Ғолибони ҷойи аввал дар озмуни вилоятӣ ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

Муфассал: Ғолибони даври шаҳрии озмуни вилоятӣ "Оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот" қадрдонӣ...

Натиҷагирӣ аз соли 2020

Рӯзи 15 январи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ шаҳр дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2021 натиҷагирӣ карда шуд.


Қайд карда шуд, ки дар ҷамъоварии маблағи андозҳо 101 фоиз иҷро гардида, ба буҷа 54,9 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 801,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаҷудокунӣ ба буҷаи вилоят, яъне андоз аз фоида 59,3 фоиз ё 2,6 млн сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 5,8 млн сомонӣ ё 67,3 фоиз таъмин гардид.


Бақияпулиҳои андоз нисбати аввали сол 41,9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. 

Муфассал: Натиҷагирӣ аз соли 2020

СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар як рӯзи маъракаи сабзазоркунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кӯлоб 1000 бех дарахт шинонида шуд.

14 январ дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кӯлоб бо иштироки сокинони шаҳри Норак ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.


Ҳашарчиён дар шафати шоҳроҳ 1000 бех ниҳолҳои арчаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва дарахтони мевадор шинониданд. Аз аввали мавсими ниҳолшинонӣ дар ду ҷониби шоҳроҳи мазкур то 6700 бех дарахтони арча шинонида шудааст.

Муфассал: СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар як рӯзи маъракаи сабзазоркунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кӯлоб 1000 бех дарахт...

Вусъати корҳои кабудизоркунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кулоб

Имрӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кулоб ҳашари дастаҷамъонаи сокинони шаҳр баргузор гардид.


Ҳашарчиён дар шафати шоҳроҳ 1000 бех арчаҳои ҳамешасабз шинонданд. Аз аввали мавсими ниҳолшинонӣ дар ду ҷониби шоҳроҳи мазкур то имрӯз 3100 бех ниҳолҳои арча шинонда шудааст.

Муфассал: Вусъати корҳои кабудизоркунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кулоб