Баргузории ҷаласаи ҳисоботӣ
- Нашр шуд: 13.01.2021 15:48
Имрӯз дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ҷаласа бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод оид ба ҳисоботи солонаи мудири бахш баргузор гардид.
Қайд гардид , ки дар давраи ҳисоботӣ 3600 бех ниҳолҳои гуногун ва 22 700 дона гулу гулбуттаҳо дар ҳудуди шаҳр шинонда шуда, дар соли 2021 шинонидани 7500 бех ниҳол ва 430 000 бех гулу гулбуттаҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра 10 аксияҳои "Тозагии маҳал- 2020 " бо иштироки 6081 нафар ихтиёран гузаронида шуда, 112,3м³ партовҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.