МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июн 2023
Норак

Вохӯрии судманд

Дар  саҳни  бинои  шуъбаи  корҳои  дохилӣ  дар  шаҳри  Норак   рӯзи  3  майи  соли  2020  бо  иқдоми  Раёсати  корҳои  дохилӣ  дар  вилояти Хатлон  дар  ҳамкорӣ  бо  мақомоти   иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Норак  бо  ҷалби  раисони  деҳот,  хонаҳои  баландошёна,  ҷамоатҳои  деҳот,  сардорони  минтақаҳои  манзилӣ,  мудирони  шуъбаи  маориф, фарҳанг,   кормандони   соҳаи  тиб  вохӯрӣ  баргузор  гардид.

 

Муфассал: Вохӯрии судманд

Муташаккилӣ баҳри пешгирии сироят

Рӯзи   3  майи  соли  ҷорӣ   бо  мақсади  пешгирӣ  аз  сирояти  коронавирус   дар  кӯчаю   хиёбонҳои   шаҳри  Норак,  роҳҳои  мошингард  чорабинии  безараргардонӣ  бо  истифода  аз  мошинҳои  махсус   ва асбобҳои  дорупошӣ  бо  ҷалби  45  нафар  мутахассисон  аз   муссисаи  давлатии  обҳои  нӯшокӣ  ва  коррезӣ,   кӯмаки  аввалияи  тиббию  санитарӣ, беморхонаи  марказӣ,  идораи шабакаҳои   барқ  ва  кормандони  ШВКД  дар  шаҳри  Норак   амалӣ  карда  шуд.

Муфассал: Муташаккилӣ баҳри пешгирии сироят

ПАЙРАВИ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Раиси шаҳри Норак маоши вазифавии як моҳаи худро, ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроия, роҳбарони корхонаю идораҳо, соҳибкорони бонангу номус ва шаҳрвандони алоҳида ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи "COVID-19" кушода шудааст, саҳм мегузоранд.

Муфассал: ПАЙРАВИ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Моҳипарварӣ соҳаи сердаромад

Рӯзи   28  апрели   соли  2020   дар  мақомоти  иҷроияи   ҳокимияти  давлатии   шаҳр  вохӯрии  раиси  шаҳри Норак  Неъматзода  Маликшо  Маҳмадшо   бо  роҳбарияти корхонаи воҳиди  давлатии  «Моҳии  Тоҷик»  баргузор  гардида,  масъалаи   рушди  соҳаи  моҳипарварӣ  дар  шаҳр ва саҳми  он  дар  таъмини  амнияти  озуқавории   кишвар  мавриди  баррасӣ  қарор  дода  шуд.

 

Муфассал: Моҳипарварӣ соҳаи сердаромад

Покизагию парҳезкорӣ пешаи мост

Ҳамчун як тан аз шаҳрванди Тоҷикистон барои огоҳӣ аз рӯйдодҳои олам ҳарӯз рӯ ба рӯзномаю маҷаллаҳо меорам ва аз оинаи нилгун барномаҳои телевизиониро тамошо менамоям. Аз пешрафту тараққиёти кишвари маҳбубамон шод мешаваму аз норасигиҳо хастаҳол. Чанд муддат аст, ки вазъи ба амал омода оид ба пайдоиш ва паҳншавии касалии сироятии коронавирус дар соли 2020 кишвари дунё маро беташвиш намегузорад. Мебинам, ки чи гуна Сарвари кишварамон мо шаҳрвандонро чанд сол боз таъкид ба таъкид ба корҳои ободонию созандагӣ, истифодаи самараноки замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ҳидоят менамоянд.

 

Муфассал: Покизагию парҳезкорӣ пешаи мост