МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

Суратгузориш аз рафти иштирок ва ҳунарнамоии довталабони шаҳри Норак дар даври вилоятии озмуни Чумҳуриявии "ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН"

ШУҶОАТИ ИЛҲОМ ҚАДРДОНӢ КАРДА ШУД

Собиров Илҳом Алиевич шаҳрванди маҳаллаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак барои нишон додани далерию шуҷоатмандӣ ва наҷот додани ҷони инсон, яъне пешгирӣ намудани даст задан ба сӯйиқасд ба ҷони худ 3 нафар (зан ва 2 нафар кӯдак)-ро аз ғарқ шудан дар об аз дарёи Вахш раҳо намуда, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва тӯҳфаи пулӣ аз ҷониби раиси шаҳри Норак қадрдонӣ карда шуд.

 

Муфассал: ШУҶОАТИ ИЛҲОМ ҚАДРДОНӢ КАРДА ШУД

Кӯмаки молиявӣ ба як гуруҳ собиқадорони меҳнат

Тибқи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод як гуруҳ собиқадорони меҳнат аз ҷумла шахсоне, ки ба давлату миллат хизматҳои шоиста намудаанд аёдат гардида, ба ҳар яки онҳо аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак кӯмаки молиявӣ расонида шуд. Ҳангоми суҳбати самимӣ, муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро миннатдории худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ба ин шахсони обрӯманди шаҳр расонида, ба онҳо тансиҳати ва хонаи обод тамманно намуда, қайд намуданд, ки хизматҳои шоёни онҳо ҳеҷ гоҳ фаромуш намешавад ва пайваста кӯмакҳои лозима расонида мешавад. Пирони рӯзгордида низ ҷавобан ба ин ғамхориҳо миннатдорӣ намуда, аз тинҷиву амонӣ ва осмони софу беғубори ватани азизамон шукргузорӣ намуда, ба Пешвои муаззами миллат ва халқи сарбаланди тоҷик дуои нек намуданд.

Муфассал: Кӯмаки молиявӣ ба як гуруҳ собиқадорони меҳнат

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Дарвоз шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  15 августа дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави беморхонаи маркизи ноҳия шинос шуданд.

Муфассал: Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Дарвоз...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз «Майдони ромишгарон»-ро ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  15 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Майдони ромишгарон»-ро бо муҷассамаҳои арбобони санъат ифтитоҳ намуданд.

Муфассал: Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз «Майдони ромишгарон»-ро ифтитоҳ намуданд