Баргузории иҷлосияи навбатӣ.
- Нашр шуд: 28.12.2020 13:21
Имрӯз, 28 декабр, дар шаҳри Норак иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия 9 масъала, аз ҷумла ҳисоботи раиси шаҳри Норак дар соли 2020, иҷрои буҷети шаҳри Норак дар соли 2019 ва тасдиқи буҷети шаҳр барои соли 2021 , муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида, тасдиқи қарори раиси шаҳри Норак аз 25 декабри соли 2020 , N_°516 << Дар бораи мувофиқасозии тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Норак барои солҳои 2021-2025, тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак барои соли 2021 аз ҷумлаи масъалаҳои иҷлосияи мазкур буданд.