Табрикоти раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба 60- солагии таъсисёбии шаҳри Норак
-
Нашр шуд: 14.12.2020 06:57
Ҳамдиёрони гиромӣ !
Шаҳри Норак, шаҳре, ки як замон шуҳратёри ҷаҳону як шиносномаи Тоҷикистон буд, 60 сола шуд.
Бинобар ин тамоми сокинони шаҳри овозадори Норакро ба муносибати 60- солагии таъсисёбии шаҳри Норак самимона табрику таҳният намуда, ба ҳамагон тансиҳатӣ, хонаободию сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳо муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Норак-шаҳри энергетикҳои тоҷик дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби ҷовидонаи «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ишора меравад, ки 9-7 ҳазор сол муқаддам, яъне замони асри санг дар ин ҷо одамон умр ба сар мебурдаанд. Теъдоди калони бозёфтҳои ҳафриётӣ, ки муаррихон аз ҳафриёти Норак пайдо кардаанд, мавриди омӯзиш ва хулосаҳои мутахассисонанд.
Муфассал: Табрикоти раиси шаҳри Норак муҳтарам Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба 60- солагии таъсисёбии ...