МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба муносибати ҷашни Наврӯз-2021

Ҷашни фархундаи Наврӯз дар миёни анъанаву оинҳои халқи тамаддунпарвари тоҷик ҷойгоҳи ифтихориву хосаро доро буда, он чун рӯзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, фарҷоми сармову расидани гармо, нишоту шодмонӣ, паёмовари шукуфоӣ, бедории табиат, раҳоӣ аз ҳама мушкилот, шустани кинаҳо аз дилҳост. Наврӯз ҳазорсолаҳост, ки бо ҳусну тароват, шукӯҳу шаҳомат ва неруву азамати хеш ҳамагонро шоду мамнун мекунад.


Ба муносибати ин рӯзи саид ва ҷашни бузургу муқаддас кулли сокинони шарафманди шаҳрро сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгорро орзу менамоям.


Наврӯз бо анъанаву сунатҳои волояш намояндагони қишрҳои гуногунро гирди ҳам оварда, ҳамагонро ба дӯстию рафоқат, якдилию якдигарфаҳмӣ ва созандагию бунёдкорӣ барои рушди ҷумҳурии азизамон раҳнамун месозад.

Муфассал: Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бахшида ба муносибати ҷашни Наврӯз-2021

Туҳфа ба ҷашни миллӣ

Имрӯз раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод бо гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рафти корҳои сохтмониро дар иншоотҳои сохташудаистода дидан намуданд.


Аз ҷумла, бинои серошёнаи Маркази адлия 25 ноябри соли 2020 оғоз гардида, то имрӯз сеошиёна бино бо риояи талаботҳои меъморӣ бунёд гардида, сохтмончиён мақсад доранд, ки то ҷашни миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои мазкурро бо сифати баланд ба истифода супоранд.

Муфассал: Туҳфа ба ҷашни миллӣ

Дидан аз Муассисаи давлатии "Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ"

Рӯзи 17 марти соли ҷорӣ раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аз Муассисаи давлатии "Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ"-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дидан намуд.


Мувофиқи лоиҳаи "Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак", ки дар назди муассисаи мазкур амалӣ карда мешавад, таҷдиду азнавсозии бинои маъмурии муассиса ба анҷом расонида шуда, сохтмони истифодаи об аз қубурҳо идома дорад.

Муфассал: Дидан аз Муассисаи давлатии "Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ"

В Гулистоне состоялось очередное заседание Правительственных делегаций Таджикистана и Кыргызстана по делимитации и демаркации госграницы

ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /НИАТ «Ховар»/16-17 марта в городе Гулистон Согдийской области Республики Таджикистан состоялось очередное заседание правительственных делегаций Республики Таджикистан и Кыргызской Республики по делимитации и демаркации таджикско-кыргызской Государственной границы.

Муфассал: В Гулистоне состоялось очередное заседание Правительственных делегаций Таджикистана и Кыргызстана...

Ташрифи раиси ШСКХ "Барқи Тоҷик" ба Норак

Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" Исмоилзода Мирзо Иброҳим ба шаҳри Норак ташриф оварда, бо раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод мулоқот баргузор намуда, зимни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои тарбияи мутахассисони ҷавони соҳаи энергетика, рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалишавии лоиҳаи таҷдиди НБО-и Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз табодули афкор намуданд.

Муфассал: Ташрифи раиси ШСКХ "Барқи Тоҷик" ба Норак