МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

Баргузории маҳфили "Ширу шакар" дар Норак

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 маҳфили наврузии "Ширу шакар" бо иштироки шоирони шинохта Чупон Бадали Ванҷӣ ва Шаҳнози Шаҳнавоз баргузор гардид.


Намуна аз ашъори тозаэҷоди шоирон ба самъи ҳаводорони шеъри ноби тоҷикӣ расонда шуда, кормандони бахши фарҳанги шаҳр аз эҷодиёти шоирон сурудҳо дар васфи Ватан, баҳор, модар, сулҳу ваҳдат иҷро намуданд.

Муфассал: Баргузории маҳфили "Ширу шакар" дар Норак

Тағйироти кадрӣ дар Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев

Рӯзи 15 марти соли ҷорӣ бо иштироки раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" Исмоилзода Мирзо Иброҳим ва раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод дар толори маҷлисгоҳи Неругоҳи барқи обии ба номи Т.Ӯлҷабоев ҷаласа баргузор гардид. Аз 15 марти соли 2021 бо фармони раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" таҳти N°73 Маҳмадсаидзода Маҳмадамин Маҳмадсаид , ба вазифаи сармуҳандиси Неругоҳи барқии обии Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев таъин карда шуд. Зикр карда шуд, ки ҳамчунин бо фармони дахлдори раиси ШСХК "Барқи Тоҷик" Маҳмадхонов Ҷамшед Ғуломович-сармуҳандиси Неругоҳи барқи обии Бойғозӣ ба тариқи гузариш ба вазифаи Директори силсиланеругоҳҳои барқи обии Вахш таъин гардид.

Муфассал: Тағйироти кадрӣ дар Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев

Амалишавии лоиҳа

Имрӯз намояндагони ширкати INGEO SOLUTIONS DELIVERED оид ба лоиҳаи партовҳои сахти маишӣ, дар оянда боз ҳам хубтар кардани сифати корҳои хизматрасонии Муассисаи давлатии шуъбаи манзилии коммуналии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шаҳри Норак ташриф оварда, бо раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод вохӯрӣ баргузор намуда, ба рафти амалишавии лоиҳа шинос гардиданд.

Муфассал: Амалишавии лоиҳа

Қадрдонии хизматчии давлатӣ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак маҷлисиботантана доир гардид.


Шарипов Садриддин Зайниддинович бо сабаби ба синни нафақа расиданаш аз вазифаи мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ озод карда шуда, ботантана гусел карда шуд.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод барои меҳнати пуршарафаш дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуда, барои хизматҳои шоёнаш Шарипов Садриддин Зайниддиновичро "Сипоснома"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонид.

Муфассал: Қадрдонии хизматчии давлатӣ

Натиҷагирии фаъолияти корӣ

Рӯзи 15 марти соли 2021 ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр оид ба ба натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр дар ду моҳи соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳрро дар ду моҳ натиҷагирӣ намуда, зикр намуданд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 457,8 миллион сомонӣ иҷро гардида. Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ аз тарафи корхонаю ташкилотҳо дар ин давра ба 6.7 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 84,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Муфассал: Натиҷагирии фаъолияти корӣ