МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2024
Норак

Қабули шаҳрвандон

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" ҳафтае ду маротиба аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон бо масъалаҳои шахсӣ гузаронида мешавад.


Имрӯз аз тарафи раиси шаҳр 13 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои шахсӣ қабул карда шуда, дархостҳои онҳо баррасӣ ва ба шахсони масъул барои иҷро ирсол карда шуд.

Муфассал: Қабули шаҳрвандон

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар

5 марти соли 2021 дар Қасри фарҳанг ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод зимни иштирок дар чорабинӣ занону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик гуфта, барояшон иқболи некӯ, толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.

 

Таъкид карда шуд, ки Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерӯбахши рӯҳу ҷон, азизу меҳрубон, дастгиру нигаҳбон, роҳбару мададрасон, дуогӯи ҷон, дили пурмеҳр дорад, ки чу офтоб меҳраш ба фарзанд қуввату дармон, меҳру вафо мебахшад. 

Муфассал: Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар

Иқдоми хайрхоҳона бахшида ба Рӯзи Модар

Имрӯз раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати занони бемор ва собиқадорони меҳнат рафта, онҳоро бахшида ба Рӯзи Модар муборакбод намуда, бо иқдоми хайрхоҳонаи роҳбарияти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр кӯмакҳои моддӣ расониданд.

Муфассал: Иқдоми хайрхоҳона бахшида ба Рӯзи Модар

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 марти соли 2021 бо қарори раиси шаҳри Норак аз 3 марти соли ҷорӣ Азимзода Шуҳрат ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин гардид.

 

 

Муфассал: Тағйироти кадрӣ дар мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

ВАТАНДОРӢ БА ГУФТОР АСТ Ё КИРДОР?…

Мулоҳизаҳои Қодири Қосим пас аз як сайри беғараз дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Март 1, 2021 12:58

«Муҳаббат ба Ватан ва муҳаббат ба одамон ду ҷараёни тез мебошанд, ки  дар якҷоягӣ дарёи бузурги ватандӯстиро
ташкил медиҳанд. Ватандӯстӣ душмани таънаву айбҷӯӣ аст».

(Мартен Густав,файласуфи олмонӣ)

Муфассал: ВАТАНДОРӢ БА ГУФТОР АСТ Ё КИРДОР?…