Занон пешбарандаи сулҳу субот
- Нашр шуд: 19.10.2020 04:46
Яке аз дастовардҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ ин бунёди давлати воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Бунёди давлати иҷтимоӣ ва ба ҳар фарди ҷомеа муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ баробарҳуқуқии ҳар як аъзои комилҳуқуқи ҷамъиятро тақозо менамояд. Маҳз дар сатҳи Конститутсия пешбинӣ гардидани баробарҳуқуқии тамоми одамон сарфи назар аз миллат, нажод ва ҷинс бобати амалӣ гаштани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат мусоидат менамояд. Мувофиқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ва занон баробарҳуқуқанд.