МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2023
Норак

Фарҳанг хастии миллат аст

Ҳар миллат бо доштани таърих, тамаддун, фарҳанг ва сарзамини худ метавонад як давлати абарқудрат ва поянда ташкил намояд. Фарҳанг асоси шинохти миллат ва давлат аст. Халқи тоҷик ҳамчун як шохаи ориёнои бузург бо доштани фарҳаги хоси худ, ҳамеша суннатҳои аҷдодии худро эҳтиром ва нигоҳ медорад. Фарҳанг аз калимаи лотини «cultura» гирифта шуда маънои тарбия, омӯзиш, тараққиёти рафторро дорад.

 

Калимаи «Фарҳанг» маънои васеъ дорад. Маҷмӯи дастовардҳои моддӣ ва маънавие, ки инсон дар тӯли ташаккули ҷомеа ба даст овардааст, маданият ва ё фарҳанг меноманд. Зарур аст, махсусияти фарҳанги миллӣ ва гуногунрангии фарҳангҳои ҷаҳонӣ ҳифз карда шавад, анъанаҳои беҳтарину хусусиятҳои хоси фарҳанги миллӣ давом ва ривоҷ дода шавад. Ҳар халқ фарҳанги худро дорад, анъанаҳои худро дорад, анъана ва мероси фарҳангӣ ин сарвати маънавӣ бо хусусияти хоси миллист, ки сарчашмаи хушкнашавандаи нерӯҳои эҷодии арбобони фарҳангу санъат аст.

 

Муфассал: Фарҳанг хастии миллат аст

Ваҳдати миллӣ мароми мост

Барои мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хурсандиовар аст, ки имрӯзҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва осоиштаи давлати Соҳибистиқлоламон зиндагии шоиста дорем. Шукр бар он мекунем, ки Давлати моро бо сарвари накукору хирадмандаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро давлатҳои ҷаҳон эътироф намуда, равобитҳои доимӣ барқарор намудаанд. Фикр мекунам, ҳар як тоҷик ин айёмро орзу дошт ва хурсандибахш аст, ки мо тоҷикон  ба ин замон расидем.

 

Агар аз даричаи таърих назар афканем ҳангоме, ки тоҷикони ба тозагӣ ба Истиклолият расида, дубора паси сангарҳои муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтанд, ин дар вокеъ, даҳшат буд ва хатари азими аз байн рафтани ин миллати кӯҳанбунёдро дар пай дошт. Хушбахтона, бо шарофати хираду сиёсати дурандешонаву миллатдӯстонааш Сарвари давлатамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ин миллати парокандаву парешонгаштаро ба ваҳдату сарҷамьӣ даъват намуда, сулҳу Ваҳдати миллиро дар кишвар барқарору устувор намоянд.

 

Муфассал: Ваҳдати миллӣ мароми мост

Ҷавонон, интихобот, манфиатҳои миллӣ

Хушҳолии ҷавонон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат

Боиси сарфарозии мо- ҷавонон аст, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои дастгирии мо - ҷавонон ва дар умум рушди сиёсати мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои дурандешона тамоми имкониятҳои муосирро фароҳам оварда, ба масъулини ин ҷода пайваста дастуру супоришҳои оқилона медиҳанд, ки ин иқдомҳои нек ва бомаврид аз таваҷҷуҳи хосса ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба мо - ҷавонон, ки нерӯи созанда ва давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошем, шаҳодат медиҳад.

 

Муфассал: Ҷавонон, интихобот, манфиатҳои миллӣ

Таҷлили Рӯзи Забон

Рӯзи 5 октябри соли 2020 дар китобхонаи марказии шаҳри Норак ҷамъомади умумишаҳрӣ бахшида ба Рӯзи забон баргузор гардид.

 

Муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ҳозиринро бо иди фархунда Рӯзи забони давлатӣ шодбош гуфта, ба якқатор омӯзгорон ва ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ифтихорномаҳои раиси шаҳр ва маблағҳои пулӣ супорид.


Кормандони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи рангини консертӣ табъи ҳозиринро шод намуданд.

Муфассал: Таҷлили Рӯзи Забон

Табрикоти раиси шаҳри Норак  муҳтарам Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ,

 

Ҳамасола 5-уми  октябр  Рӯзи забони давлатӣ, ки дар  иртибот ба тасвиби Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  муқаррар шудааст, ҷашн гирифта  мешавад.

 

Қайд кардан  ба маврид аст, ки  аз  соли  2009 ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари кишвар таҷлил  карда мешавад.

 

Муфассал: Табрикоти раиси шаҳри Норак  муҳтарам Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ба муносибати Рӯзи забони...