МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2023
Норак

Соҳаи хизмати давлатӣ рушд мекунад!

Хизмати давлатӣ, сиёсати давлатии кадрҳо ва идоракунии давлатӣ се самти алоҳидаи фаъолият бошанд ҳам, бо ҳам алоқаманд буда, бе якдигар амал карда наметавонанд. Идоракунии давлатӣ хизмати давлатиро ба вуҷуд оварда, дар навбати худ хизмати давлатӣ ядрои асосии идоракунии давлатӣ ба ҳисоб меравад.

 

Ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равандҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ алоқамандии зич дошта, бо назар андӯхтан ба гузаштаи начандон дури Тоҷикистон, албатта  ин раванд ба  ташаккули низом аз оғози солҳои 90-уми қарни гузашта рост омада, марҳила ба марҳила такмилу таҳким ёфта истодааст.

 

Муфассал: Соҳаи хизмати давлатӣ рушд мекунад!

Халқпарвар

Худованд   ба  мардуми  Тоҷикистон меҳрубонӣ намуда,барояшон роҳбареро  сари  давлат овард, ки  бо ҷоннисориву фидокорӣ  миллати тоҷикро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ  раҳо  бахшид.

 

Ин Сарвари  баландиқболи миллат, фарзанди  фарзонаву бо нуру сафо Эмомалӣ Раҳмон  ҳастанд.

Муфассал: Халқпарвар

Шаҳри Норак нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи аввал иҷро намуд.

Имрӯз 1 октябри соли 2020 дар шаҳри Норак маросими тантанавии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таҳти унвони “Хизмати Модар - Ватан шараф аст»” бо иштироки рохбарияти шаҳр, падару модарон, шахсиятҳои рӯзгордида, ҷанговарони башардӯст ва дигар меҳмонон бо шукӯҳу шаҳомати хос сурат гирифт.


Неъматзода Маликшо -раиси шаҳр, дар ин маъракаи пуршукӯҳ ба сухан баромада, ба падару модарони наваскарон, ки хамагӣ ихтиёриён мебошанд, барои тарбияи фарзандони ватандӯсту ватанпараст изҳори миннатдорӣ намуд. Иброз намуд, ки маҳз дуруст ба роҳ мондани тарбияи ватанпарастии ҷавонон боиси он гардид, ки шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии имсоларо дар ҷумҳурӣ дар рӯзи аввали даъват 100 % иҷро менамояд.

Муфассал: Шаҳри Норак нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи аввал иҷро намуд.

Баргузории семинар-машварат.

Шаҳри Норак барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани маъракаи ҷумхуриявии «барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил», ки аз 1 то 15 октябри соли 2020 пешбинӣ гардидааст, ҳаматарафа омодагӣ гирифта истодааст.


Рӯзи 24 сентябри соли 2020 бо ташаббуси Агентии омори назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак семинар-машварат бо иштироки 80 нафар ҳисобчиён, ки ба маъракаи « барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил» ҷалб гардидаанд, баргузор гардид.

Муфассал: Баргузории семинар-машварат.

Пешвои миллат дар роҳи сулҳ ва саодат

Саодати бузурге мардуми тоҷикро насиб гаштааст. Ин саодат Истиқлолияти давлатии мост, ки Ваҳдат як ҷузъи ҷудонопазири он мебошад.


Ҳама гуна пешравӣ, рушд, тараққиёт дар заминаи субот ба даст меояд. Субот меваи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамраъйӣ ва муҳимтар аз ҳама ваҳдати миллист. Албатта, ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Он бар асари талош, пайкор, матонат, шуҷоат, заҳматҳо, ақлу хиради бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Пайкорҳои пайвастаи Пешвои миллат дар доираи як кишвар маҳдуд намегарданд, онҳо чун нури офтоб арсаи ҷаҳонро фаро мегиранд. Аз ин ҷост, ки имрўз кишвари мо ба макони баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангиву сиёсии умумиҷаҳонӣ ва ҷойгоҳи ваҳдати мардумони ҷаҳон табдил ёфта истодааст. Ин иқдом ва ташаббусҳои Роҳбари сулҳофар ва меъмори ваҳдати миллии мо акнун баҳри таҳкими пояҳои дўстии тоҷикон бо тамоми мардуми олам ва таъмини ваҳдати халқҳо замина мегузорад.

 

Муфассал: Пешвои миллат дар роҳи сулҳ ва саодат