МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июн 2023
Норак

Вохуриҳо дар кӯчаву деҳаҳои шаҳр бо аҳолӣ

Бо мақсади иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, даст задани ҷавонон, духтарону занон ба ҷинояту ҷинояткорӣ, сӯйиқасд ба ҷон, пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, инчунин пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби кормандони шуъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, марказҳои пешгирии бемории ВНМО, ташаккули тарзи ҳаёти солим дар кӯчаву деҳаҳои шаҳр бо аҳолӣ, бахусус занону ҷавонони хонашин корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Муфассал: Вохуриҳо дар кӯчаву деҳаҳои шаҳр бо аҳолӣ

Конфересия бахшида ба 20-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.1999, №5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа"

Бахшида ба 20-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” санаи 3 декабри соли 2019 дар толори мақомоти иҷроия таҳти унвони “Ташаббуси Пешвои миллат -эътимод ба зан, ба фардои дурахшон” конференсия бо иштироки занони хизматнишондода ва дигар занони собиқадор, инчунин духтарону занони фаъоли корхонаву муассисаҳо баргузор гардид.

Муфассал: Конфересия бахшида ба 20-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.1999, №5 "Дар...

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии маъюбон

Санаи 3 декабри соли 2019 дар шаҳри Норак Рўзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак муҳтарам Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозирин ва кормандону тарбиятгирандагони марказро ба Рўзи байналмиллалии маъюбон табрику муборакбод намуданд.
Зимни баромад қайд карданд, ки дар асоси резолютсияи 47/3-и Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид аз 14 октябри соли 1992 3-юми декабр ҳамчун Рўзи байналмилалии маъюбон эълон гардидааст.
Дар ҳақиқат, дар миқёси сайёра миллионҳо одамон бар асари модарзодӣ ва ё дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш гурўҳҳои гуногуни маъюбӣ дошта, аз иштироки фаъолона дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию адабӣ, варзишии ҷомеа дар канор монда, ба ғамхории махсус эҳтиёҷ доранд.

Муфассал: Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии маъюбон

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 ноябр дар шаҳри Нурофарон-Норак Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, давлатдории миллӣ, ки боиси ифтихору сарбаландии хурду бузурги мамлакат аст, таҷлил гардид. Дар ин рӯзи муқаддас сокинони шаҳри Норак, кормандони ташкилоту муассисаҳо, муассилини муассисаҳои таълимӣ дар даст Парчами миллӣ, бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллӣ мебошад, роҳпаймоӣ намуданд.

 

Муфассал: Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рузи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи баргузории Рузи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак як қатор иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. 

 

Дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати Деҳоти Пулисангин майдончаи кӯдакона, бинои бахши ҳифзи муҳити зист бо тарҳи замонавӣ дар соҳили дарёи Вахш ифтитоҳ ёфтанд. 

 

Муфассал: Рузи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон