Ҳамоиши ду насли муҳофизони Ватан дар шаҳри Норак
- Нашр шуд: 21.09.2020 10:28
Рӯзи 19 сентябри соли 2020 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар ҳамкорӣ бо Комиссариати ҳарбии шаҳр ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ҳамоиш зери унвони "Хизмат ба Ватан-Модар қарзи виҷдонии мост" баргузор гардид.
Дар ҳамоиш 50 нафар даъватшаванда, ки ихтиёран барои ба хизмати аскарӣ рафтан омодагӣ изҳор кардаанд, ҷанговарони башардӯст, падару модарон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 иштирок намуданд.