МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

Қабули шаҳрвандон

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" ҳафтае ду маротиба аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон бо масъалаҳои шахсӣ гузаронида мешавад.


Имрӯз аз тарафи раиси шаҳр 21 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои шахсӣ қабул карда шуда, дархостҳои онҳо баррасӣ ва ба шахсони масъул барои иҷро ирсол карда шуд.

Муфассал: Қабули шаҳрвандон

Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии "Дастарахонороӣ" ҷамъбаст гардид

Имрӯз дар саҳни қасри фарҳанги шаҳри Норак даври аввали озмуни ҷумҳуриявии "Дастархонороӣ" бо иштироки 23 комиссияҳои ҷамъиятии корхонаю муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва минтақаҳои манзилии шаҳр баргузор гардид.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод миннатдории худро ба иштирокчиёни озмун иброз намуда, қайд намуданд, ки ҳадафи баргузории озмун эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, навъҳои гуногуни хӯрокҳо, муаррифӣ намудани нону шириниҳо, тарбияи ҳисси зебопарастӣ, хештаншиносӣ, ҳамзамон тарғибу ташвиқ намудани фарҳангу арзишҳои дастархонороии миллӣ мебошад.

Муфассал: Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии "Дастарахонороӣ" ҷамъбаст гардид

Машварати корӣ

Вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳои шаҳрӣ, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ машварати корӣ доир гардид.


Муовини раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан оид ба паҳлӯҳои асосии таълиму тарбия ва роҳҳои мушаххаси баромадан аз мушкилот дастуру супоришҳо доданд.

Муфассал: Машварати корӣ

Баргузории ситод

Бо мақсади тақвият бахшидани киштукори баҳорӣ, бунёду барқарорсозии боғҳо , омодасозии техникаҳои кишоварзӣ ва пешгирии болоравии нархи маҳсулотҳо дар бозорҳо зери роҳбарии муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ситод баргузор гардид.

 

Муфассал: Баргузории ситод

Баргузории озмуни дастархонороӣ

Рӯзи 26 январи соли 2021 ҷаласаи Комиссияи шаҳрии озмуни"Дастархонороӣ" дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зери роҳбарии раиси комиссияи озмунӣ, муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан баргузор гардид.


Дар кори ҷаласа намояндагони корхонаю муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, хоҳишмандон аз шаҳру деҳот ширкат варзида, оид ба пешниҳоди сари вақтии ҳуҷҷатҳо ва рӯйхати иштирокчиёни озмун тибқи Низомномаи озмуни дастархонороӣ табодули афкор намуданд.

Муфассал: Баргузории озмуни дастархонороӣ