МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ муташаккилона тамошо карданд

Имрӯз, 26 январи соли 2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки онро кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарҷамъона тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ мустақиман тамошо карданд.


Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Муфассал: Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Паёми Президенти мамлакат муҳтарам...

Табрикоти раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати таҷлили ҷашни Сада

Ҳамдиёрони гиромӣ!

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  бо камоли эҳтиром мардуми сарбаланди диёрро бо фарорасии ҷашни Сада табрику таҳният намуда,ба ҳар як хонадон  файзу баракат,ваҳдату якдилӣ ва осмони софро таманно менамояд.  

 

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада баъд аз ҳазорсолаҳо умри дубора ёфт.

 

Сада ҷашни офтоб, рӯшноӣ, олами розҳои инсонӣ мебошад, ки аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон сарчашма гирифта, дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан будааст. Аввалин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо таваллуди дигари Хуршед ё Меҳр медонем.   Он аз наздик шудани фасли баҳор, оғози корҳои кишоварзон хабар медиҳад ва марҳилаи омодагӣ ба Наврӯз мебошад.

Муфассал: Табрикоти раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати таҷлили ҷашни Сада

Баргузории ҷаласа

Рӯзи 25 январи соли ҷорӣ маҷлиси назди раиси шаҳр баргузор гардид.


Дар маҷлис масъалаҳои "Рафти ичрои" барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масъӯнияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 ва Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд .

Муфассал: Баргузории ҷаласа

Таъмини бехатарии роҳ

Вобаста ба боридани барфи зиёд рӯзи 22 январи соли ҷорӣ кормандони Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Норак роҳҳои мошингардро аз нақби Хатлон то нақби Озодӣ аз барф тоза намуда, бехатарии ҳаракати мошинҳоро таъмин намуда истодаанд. Баҳри ҳаракати бемонеаи  нақлиёт кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр дар шоҳроҳ навбатдорӣ ташкил намудаанд.

Муфассал: Таъмини бехатарии роҳ

Ҷаласа бо масъулинӣ соҳаҳои гуногун

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва баргузории як қатор корҳои тарғиботию ташвиқотӣ  дар байни аҳолӣ бо иштироки раисони ҷамоатҳои деҳот, минтақаҳои манзили ва масъулинӣ соҳаҳои гуногун ҷаласа баргузор гардид.

Муфассал: Ҷаласа бо масъулинӣ соҳаҳои гуногун