МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар як рӯзи маъракаи сабзазоркунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кӯлоб 1000 бех дарахт шинонида шуд.

14 январ дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кӯлоб бо иштироки сокинони шаҳри Норак ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.


Ҳашарчиён дар шафати шоҳроҳ 1000 бех ниҳолҳои арчаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва дарахтони мевадор шинониданд. Аз аввали мавсими ниҳолшинонӣ дар ду ҷониби шоҳроҳи мазкур то 6700 бех дарахтони арча шинонида шудааст.

Муфассал: СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар як рӯзи маъракаи сабзазоркунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кӯлоб 1000 бех дарахт...

Вусъати корҳои кабудизоркунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кулоб

Имрӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кулоб ҳашари дастаҷамъонаи сокинони шаҳр баргузор гардид.


Ҳашарчиён дар шафати шоҳроҳ 1000 бех арчаҳои ҳамешасабз шинонданд. Аз аввали мавсими ниҳолшинонӣ дар ду ҷониби шоҳроҳи мазкур то имрӯз 3100 бех ниҳолҳои арча шинонда шудааст.

Муфассал: Вусъати корҳои кабудизоркунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кулоб

Баргузории ҷаласаи ҳисоботӣ

Имрӯз дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ҷаласа бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод оид ба ҳисоботи солонаи мудири бахш баргузор гардид.


Қайд гардид , ки дар давраи ҳисоботӣ 3600 бех ниҳолҳои гуногун ва 22 700 дона гулу гулбуттаҳо дар ҳудуди шаҳр шинонда шуда, дар соли 2021 шинонидани 7500 бех ниҳол ва 430 000 бех гулу гулбуттаҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра 10 аксияҳои "Тозагии маҳал- 2020 " бо иштироки 6081 нафар ихтиёран гузаронида шуда, 112,3м³ партовҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Муфассал: Баргузории ҷаласаи ҳисоботӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ

Таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустии шаҳр ҷамъбаст карда шуд.


Дар он фаъолияти солонаи соҳа ва мушкилоти он баррасӣ ва мавриди мухокима қарор гирифт.

Муфассал: Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ

Тӯҳфаи арзанда барои шаҳрвандон

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кӯли "Комсомол" баъди даҳсолаҳо азнавсозию барқарор карда шуда, дар гирду атрофи он корҳои ободонӣ идома дорад. Ба нақша гирифта шудааст, ки то оғози мавсими истироҳатӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ ба анҷом расонида шуда, ҳамчун ҷои ҷамъиятӣ ба қабули шаҳрвандон омода карда мешавад.

Муфассал: Тӯҳфаи арзанда барои шаҳрвандон