МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимуродба муносибати 29-умин солгарди Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.
 
Бинобар ин, ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишварамонро таъмин намуда, кафили баробарҳуқуқии шахс, озодӣ, дӯстии тамоми халқу миллатҳо мебошад, табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон хотири ҷамъ, саломатии комил, хонаободӣ ва дастоварду муваффақиятҳои бепоён таманно менамоям.
 
Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
 

Муфассал: Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимуродба муносибати 29-умин солгарди Рўзи...

Тоҷикистон аз лиҳози бовар ба пулис дар ҷаҳон ҷойи аввалро гирифт

Маркази назарсанҷии "Геллап" (Gallup) Тоҷикистонро дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой додааст, ки "сокинонаш ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд". 

Натиҷаи ин назарпурсӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки бар асари бераҳмӣ ва бадрафтории полис дар як соли охир дар Тоҷикистон дастикам ду нафар кушта ва даҳҳо тан шиканҷа дидаанд.

Гузориши нави "Геллап" охири моҳи октябр нашр шуд ва хулосаи сокинонро дар бораи боварӣ ба пулис ва эҳсоси хатар ва амнияташон дар 142 кишвари ҷаҳон дар бар мегирад.

Дар ин раддабандӣ ё рейтинг Тоҷикистон бо 96, Финландия ва Исландия бо 92-холӣ дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой гирифтаанд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, аз ҳазор сокини Тоҷикистон рӯбарӯ пурсидаанд, ки ба пулиси маҳаллӣ эътимод доранд ва аз саёҳати шабона дар кишварашон метарсанд, ё не? Ба хулосаи "Геллап", аксари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона хатареро эҳсос намекунанд.

Назарпурсӣ дар 141 кишвар тариқи телефон ё рӯбарӯ сурат гирифтааст. Аз ҳар кишваре ҳудуди ҳазор нафар дар ин назарпурсӣ ширкат кардаанд.

Тақрибан аз 10 нафар 7 нафар ё 71 % дар саросари ҷаҳон гуфтаанд, дар соли 2022 ҳангоми шабона дар маҳалли зисти худ танҳо сайругашт кардан худро амн ҳис кардаанд. 72 дарсад гуфтаанд ба пулиси маҳаллӣ боварӣ доранд. Тақрибан аз ҳашт як нафар гуфтаанд, ки дар соли гузашта амволи онҳо ё аъзои дигари оилаашон дуздида шудааст. Аз 16 нафар як нафар гуфтааст, ки дар соли гузашта мавриди ҳамла ё дуздӣ қарор гирифтааст.

Бори аввал дар чунин як пурсише Тоҷикистон бо гирифтани 96 хол дар ҷои якум ва Либерия бо 49 хол дар зинаи охирин қарор гирифтаанд. Дар чанд соли гузашта ин ду зинаро мутаносибан Сингапур ва Афғонистон ишғол мекарданд.

ҚАДРДРНИИ БОНУВОНИ ФАЪОЛИ МАҚОМОТҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲРИ НОРАК БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 2 ноябри соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мизи мудаввар таҳти унвони "Конститутсияи бахтномаи миллат" бахшида ба 29 -солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода, бонувони шубаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бонувони фаъоли мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаю ташкилотҳои ҳудуди шаҳр доир гардид.
 
Қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар 6-уми ноябри 1994 дар таърихи давлатдории миллатамон саҳифаи нав кушода шуд. Халқи тоҷик аввалин маротиба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ қабул намуд, ки он кишвари моро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
 

Муфассал: КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР БО АҲОЛИИ ДЕҲОТ

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 1 ноябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15- и деҳаи Чал Чали Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, ҷавонон, занон, ва мудирони шӯъбаи бахшҳои мақомоти иҷроияи шаҳр оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирӣ ва роҳ надоданд ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, таъмини волояти қонун, сари вақт ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, муътадил нигоҳ доштани вазъи ҷиноӣ ва мустаҳкам намудани алоқа бо аҳолӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷоме ва даъвати ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор карда шуд.