Ҳисоботи ҷамбасти моҳи январи соли 2020
Дар ҷамъбасти моҳи январи соли 2020 ҷамъоварии маблағи андозҳо бо назардошти андозҳои иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тибқи нақша 117 фоиз иҷро гардида, ба буҷа ба ҷои 6999,6 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда, 8188,8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақша 1,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳаи саноат
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҷамъбасти моҳи январи соли 2020 ба маблағи 264,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 123,6 фоиз ё ин ки 50,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.