МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2024
Норак

Истироҳатгоҳҳо

Соли 2016  Пешвои  миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон  дар як мавзеи  хушбоду ҳавои  соҳили   дарёи Вахш  истироҳатгоҳи замонавии «Пули  Сангин»-ро  ифтитоҳ намуд.  Истироҳатгоҳ дар ҷамоати  деҳоти  Пули  Сангин дар майдони  4 гектар бунёд шуда, бо беҳтарин  шароити  истироҳату фароғат  барои шаҳрвандони  мамлакат  ва меҳмонон  аз хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст. Ин мавзеъро соҳибкорӣ ватандӯст Абдурасул  Муҳидов бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  бунёд кардааст.   Истироҳатгоҳ аз қабулгоҳ, бинои меҳмонхона, ҳавзҳои шиноварӣ, 3 бинои истиқоматӣ, толори маҷлис, ошхона, айвонҳои истироҳатӣ дар соҳили дарё,  майдончаҳои  варзишии футбол,  волейбол, баскетбол, тениси калон ва тениси рӯйи миз, толори саққобозӣ, ҳамом, мототсиклҳои  гуногунҳаҷми обӣ, ипподром бо аспҳои зоти хурд ва аробаҳои махсус, майдончаҳо бозии кӯдакон ва дигар марказҳои дилхӯшӣ иборат аст.  Ҳавлӣ ва роҳравҳои  истироҳатгоҳ бо фаввораҳои  чароғон , шаршараҳои сунъӣ, бо дарахтони гуногуни нодир , гулу буттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро дода шудаанд, ки ба ҳар як инсон  писанд меояд.

 

              Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ  дар кӯчаи 50-солагии шаҳр ҷойгир буда, аз соли 1970 таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 5,71 гектарро ташкил медиҳад.  Дар ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр барои истироҳату фароғати  сокинон  атраксионҳои  гуногуни  дилхушкунандаи  «Сюрприз», «Офтобак», «Чархи назарандоз», 1 адад «Киштии алвонҷдиҳанда», майдончаи мошинсаворӣ, 1 адад арғунчак, 1 адад лимпопо ҳамарӯза ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Шумораи ҷойҳои нишаст 76 адад.