МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2024
Норак

Таърихи Норак

   Норак — шаҳри энергетикҳои тоҷик дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби «Тоҷикон» ишора меравад, ки замони асри санг дар ин ҷо одамон умр ба сар мебурданд. Теъдоди калони бозёфтҳое, ки муаррихон аз ҳафриёти Норак пайдо кардаанд, мавриди омӯзиш ва хулосаҳои мутахассисонанд.

    Бо барқарор гардидани Ҳукумати Шӯравӣ, солҳои 20-30-юми асри бист, дар ин гӯшаи диёрамон ҳам нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Ҳанӯз ҳамон солҳо гидроэнергетикҳои ҷавони шӯравӣ ба бунёди Нерӯгоҳи барқи обӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд.

    Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Норак соли 1960 маҳз бо ташаббуси сарвари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Улҷабоев ҷомаи амал пӯшид. Охирҳои ҳамон сол Совети Вазирони СССР дар бораи сохтмони НБО-и Норак қарор қабул кард ва бунёди калонтарин дар Осиёи Марказӣ Нерӯгоҳи барқи обӣ оғоз гардид. Ҳамоно дар ҷои деҳаҳои Тутқавул, Норак, Лангар ва Деҳи Сабур сохтмони иншоотҳои истеҳсолӣ, маиши-маданӣ ва манзилҳои истиқоматӣ сар шуд ва ба ин диёри куҳан ҳаёти тоза бахшид.

    16 декабри соли 1960 дар асоси Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Норак дорои статуси шаҳр гардид. Дар шаҳри навбунёд аз рӯзҳои аввал, баробари сохтмони нерӯгоҳ сохтмону ба истифода додани манзилгоҳҳо, муассисаҳои табобатию иншоотҳои маданию маишӣ ва корҳои ободонию кабудизоркунӣ авҷ гирифт. Туфайли шанбегию ҳашарҳо ҳазорҳо бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонда, кӯчаҳо, гулгашту хиёбонҳои ороста, клубу китобхона, кинотеатру меҳмонхона, қасри маданият, мактабу боғчаҳо қомат рост карданд.

    НБО-и Норак сохтмони умумииттифоқӣ эълон шуд ва аз тамоми гӯшаю канори кишвари бузурги шӯравӣ бинокорону мутахассисон омаданд. Ин ҷо ба майдони корнамоӣ табдил ёфт. Садҳо муассисаву ташкилот, заводу фабрика, институтҳои тадқиқотию лоиҳакашии Иттиёоди Шӯравӣ барои Норак хизмат мекарданд. Бунёди нерӯгоҳ ва ҳамзамон шаҳри Норак ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти шуравӣ буд. Ташрифи сарони ҳизбию ҳукуматӣ, сафарҳои доимии роҳбарони ҷумҳурӣ ба Норак далели ин гуфтаҳост. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар муддати кӯтоҳ дар соҳили рӯди зарнисори Вахш шаҳри зебои замонавӣ қомат рост кард.